Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳмуди Абосозодаи Мишкинӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз барои Эрон бисёр дорои аҳамияти аст, афзуд: Ҳаҷми муровидоти иқтисодии ду кишвар дар чанд моҳи гузашта чанд баробар шуд зимни ин ки таъмини ниёзҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар заминаи бозсозии Қарабоғ аз сӯи Эрон бисёр мақрун басарфа аст.
Абосзодаи Мишкинӣ бо баёни ин ки мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон Эронро хонаи худ медонанд ва бар акс эрониҳо низ Ҷумҳурии Озарбойҷонро монанди ватани худ медонанд, тахъкид кард: Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳузур дар марзҳои муштарак бо Эрон баъд аз тамоми муноқишонти Қарабоғ марзи миёни ду кишварро марзи дусти лақаб дод ва ошкоро эълом кард иҷоза намедиҳад ҳеҷ таҳдидеро аз хоки ин кишвар мутаваҷеҳи Эрон шавад.
Эрон ба сабаби мавқеъияти ҷуғрофиёӣ, 15 кишварро дар ҳамсоягии худ дорад ва фаъол кардани ҳамаи зарфиятҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноъатӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ дар равобит бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа ба тавсеаи муносиботи ду ва чанд ҷониба мунҷар мешавад ва таҳаққуқи ин муҳим ва нафъи сулҳу амнияти минтақа аст.
342/